ДАСТГИРИИ АШХОСИ НИЁЗМАНД – ИН КОРИ ХАЙРУ САВОБ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-уми апрели соли равон бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, Асоев Олимбек – мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Хоҷаева София – сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Ҷавова Манижа -мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳия дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон ба аёдати як нафар маъюб, сокини деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти  Панҷ - Алиев Ҳамидҷон рафта, дар рафти дидорбинӣ ба модар ва парастори ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ масъулин иброз доштанд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Аз ин лиҳоз минбаъд ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.