НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 5-уми апрели соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон, ба писар ва парастори маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Муҳаммадҷон Зайдулоев иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз ин ғамхориҳо ин шахси маъюб бисёр руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускорони ин кори хайру савоб изҳор намуд.