НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН ДАСТРАС ГАРДОНИДА ШУД,

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии кишвар баҳри кумаки молиявӣ ба маъюбон, ашхоси ниёзманд ва камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Бо  мақсади амалӣ намудани ин дастур ва кори хайру савоб санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки Раҳмиддин Сайфулолев - мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Асоев Олимбек – мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия ва Хоҷаева София – сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳия дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон як нафар маъюби гурӯҳи 1-ум, гирандаи нафақаи ҳизбӣ -Сафаров Тошмаҳмад, сокини деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ аёдат карда шуда, ба ӯ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

Дар рафти аёдат намояндагони ҳизбии ноҳия бо ин нафари маъюб ва хонаводаи ӯ ҳамсуҳбат гашта, қайд намуданд, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давлату ҳукумат ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад кард.