СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ ШАРОИТИ ХУБИ ТАЪЛИМ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таъмин сохтани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас ва дар синфхонаҳои гарму барҳаво омӯхтани илму ҳунар имрӯзҳо дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Бо ин малтаб, дар назди муассисаи таълимии №2-и Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иқдоми шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони  4 синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дорад, ки ин ба аз байн бурдани норасоии ҷойи нишаст кумак мекунад.

Тавре мушоҳида мегардад, тибқи гуфтаҳои масъулини муассисаи таълимӣ корҳои асосии сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар назараст то оғози соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.