КУМАК БА АШХОСИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, имрӯзҳо бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ бахшида ба моҳи Шарифи Рамазон 10 оилаи эҳтиёҷманди деҳаи болозикр аёдат гардида, ба ҳаряки ин аёдатшудагон кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

Метавон зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани чунин иқдомҳо дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ ҳамеша саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Пас аз расонидани кумаки мазкур аёдатшудагон бисёр шод гашта, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташшабускорони иқдоми мазкур расониданд.