АКСИ ХОТИРАВӢ БО ВОЛИДОНУ САРБОЗОНИ ИХТИЁРИИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади хотирмон гардидани рӯзи даъвати баҳории наваскарону сарбозони ихтиёрӣ имрӯз пас аз анҷом ёфтани чорабинии идона бахшида ба сафарбарсозии навдаъватшудагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар майдони Парчами давлатӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо сарбозони ихтиёрӣ ва волидони онҳо акси хотиравӣ гирифта шуд.

         Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба волидоне, ки фарзандони хешро ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар равона сохтаанд, изҳори минатдории хешро баён намуд ва иброз дошт, ки минбаъд мо бо шумоем ва ҳамеша аз ҳолу аҳвол ва шароити буду боши шумо дар қисмҳои низомӣ огаҳӣ пайдо хоҳем кард. Шараф бар шумо шуҷоъони Ватан!