ОМОДАГИҲО БАҲРИ САФАРБАРНАМОИИ НАВДАЪВАТШУДАГОНУ САРБОЗОНИ ИХТИЁРӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади омода намудани навдаъватшудагон ба чорабинии даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳия бо сарбозони ихтиёрии ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардида, ҷиҳати сарбаландона хизмат намудан ба Ватан – Модар ба онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид дода шуд.

         Сипас бо як тантанаи идона ва бо суруду мусиқиҳо ин сарбозонро то ба нуқтаи багузории чорабинии имрӯза оварда расониданд, ки ин ба иштирокдорон як рӯзи хурсандибахш ва хотирмон хоҳад монд.