САФАРБАРИИ САРБОЗОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ имрӯзҳо аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо сокинони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пайваста корҳои таблиғотӣ вобаста ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки мо ҳамагон шоҳиди самараи хуби он хоҳем гардид.

Ин аст, ки санаи 1-уми апрели соли 2023 баҳри сафарбар намудани ҷавонписарони сини даъватӣ дар маркази ноҳия Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ чорабинии  фарҳангӣ баргузор гардид, ки зимни баргузории чорабинии мазкур дар қатори ин даъватшудагон 8-нафар сарбозони ихтиёрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" аз ҷумла Пирмуҳаммадов Султонбек- сокини Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, Бобохонов Комилҷон ва Алиев Меҳриддин- сокинони Ҷамоати деҳоти Қумсангир, Нозимов Сайҷалол- сокини Ҷамоати деҳоти Панҷ, Мирзоев Сафар ва Ҳомидов Солеҳҷон- сокинони Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, Шоназаров Қаюм- сокини Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва Бобокалонов Носирқул сокини Ҷамоати деҳоти Яккадин, ки ихтиёран барои хизмат ба Ватан-Модар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон пайвастанд, аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусатор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба волидони онҳо “Сипоснома” ва ба сарбозон “ШАҲОДАТНОМАИ САРБОЗИ ИХТИЁРӢ” супорида шуд.

Сипас дар рафти чорабинӣ масъулини ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки; “Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боътимоди он Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он амният ва истиқлоли комили худро таъмин намояд. Аз ин рӯ ҷавонони кишвар бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар фарзанди бонангу бономуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз мебошад. Хизмат ба Ватан – Модар қарзи шаҳрвандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу бономус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар як ҷавони кишварамон аст”.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокдорон ва навдаъватшудагон барномаи ҷолиби фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.