РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ БО ИШТИРОКИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия пайваста маъракаҳои дастаҷаъмона ва ободу зебо гардонидани атрофи биноҳои маъмурӣ гузаронида мешавад.

Чунин ташаббус дирӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” амалӣ гардида, ҳамзамон дар ин кори оббодонӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҳифзи муҳити зист, шуъбаи хизматрасони дар хона ва шуғли аҳолӣ фаъолона иштирок намуда, назди биноҳои Раёсати молия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия тоза ва нарм карда шуда, гулҳои ороишии баҳорӣ шинонида шуд.