АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баргузории Амалиёти муштараки вилоятӣ оид ба тозакунии дохил ва ҳудуди қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар  деҳаи Телмани  ҷамоати деҳоти Истиқлол аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” бо ҷалби сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ  роҳандозӣ карда шуд.   

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳамадҷон, раиси деҳаи Телмани ҷамоати деҳоти Истиқлол,  эмомхатибон ва  зиёда аз 350 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ин рӯз сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи мазкурро бахшида ба омадани моҳи шарифи Рамазон аз ҳаргуна алафҳои худрӯй тоза намуданд. Ҳамзамон ҷӯйборҳои атрофи оромгоҳ тоза карда шуда, зиёда аз 20 бех ниҳоли мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуд.