НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР ФАРОРАСИИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17-уми марти соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба духтар ва парастори маъюби гурӯҳи 1-уми деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Қумсангир Муродов Асрор дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилаллӣ дастрас гардонида шуд.

Зимни супоридани нафақаи ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон ва шахсони якаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Зимни амалӣ гардидани ташаббуси мазкур ин шахси маъюб ва оилаи ӯ бисёр руҳбаланд гардида, минатдории хешро ба роҳбарияти олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда дуои нек доданд.