АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ “НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛӢ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилаллӣ ашхоси ниёзманд, маъюбон ва собиқадорони меҳнат ҳамеша таҳти нигоҳубин ва ғамхории давлату ҳукумат қарор хоҳанд гирифт.

Бо ҳамин матлаб бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” Холов Саидмурод 3 нафар собиқадорони меҳнат, ки солҳои зиёд умри хешро сарфаи кору фаъолияти давлатӣ ва хизмати софдилона ба халқу миллат намудаанд ба аёдат рафта, аз ҳолу аҳвол ва зиндагии эшон дидан намуданд.

Зимни дидорбинӣ масъулин шахсони аёдатшударо бахшида ба ҷашни Наврӯзи аҷам табрик намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ дар мисоли орд, равған, шакар ва дигар маводҳои лозима ҷамъ бо маблағи 1500 сомонӣ расонида шуд.

Пирони рӯзгордида низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо миннатдории хешро баён намуда, аз тинҷиву амонӣ ва осмони софу беғубори Ватани азизамон шукргузорӣ мекарданд ва ба Пешвои муззами миллат ва халқи сарбаланди тоҷик дуои нек карданд.