БАҲРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ҲОЛАТИ ОБЁРИКУНОНИИ ЗАМИНҲО

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади омодагиҳо ба кишти баҳорӣ ва беҳтар намудани ҳолати обёрикунонии заминҳои кишоварзӣ имрӯзҳо бо ташаббуси раис ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии давлатии об” заҳбур ва ҷӯйборҳое, ки бо воситаи он заминҳои Ҷамоати деҳоти Истиқлол обёрӣ мегардид, бо воситаи техникаи махсус кофта ва тоза гардида истодааст. 

Ин ташаббус ва корҳои тозагардонӣ ба меҳнаткашони ҷамоати мазкур имкон медиҳад, ки ба кишти баҳорӣ ва такрорӣ машғул шуда, аз заминҳои дарихтиёрдошта ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва аз ин ҳисоб шароити зиндагии хешро беҳтару хубтар намоянд.