БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, дар муассисаи таълимии №49-и деҳаи Ҳилолии Ҷамоати деҳоти Қумсангир чор синфхонаи иловагӣ барои хонандагон бунёд гардида истодааст.

Синфхонаҳои иловагӣ бо тарҳи муосир сохта ва барои таҳсили хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оварда мешавад.

Кормандони ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ва сокинони ҷамоати номбурда барои ҳарчи зудтар ба истифода додани синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар сохтмону рангубори бинои таълимӣ саҳми худро гузошта истодаанд.

Метавон зикр кард, ки ҳамарӯза аҳолии деҳа бо роҳбарии директори муассиса ва намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Қумсангир ба бардоштани деворҳо, бетонпуш намудани атрофи муассиса машғуланд ва тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.