ҲХДТ МАДАДГОРИ МАЪЮБОНУ ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилаллӣ ба аёдати як нафар маъюб  Сафаров Тошмаҳмад, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷ рафта, зимни дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.    Метавон зикр кард, ки минбаъд ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.