КУМАК ДАР АРАФАИ “РӮЗИ МОДАР”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам бахшида ба “Рӯзи модар” 10 оилаи эҳтиёҷманди деҳаи болозикр аёдат гардида, ба ҳаряки ин эҳтиёҷмандон кумаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили гӯшт ва равған, ҷамъ бо маблағи 1000 сомонӣ расонида шуд.

Метавон гуфт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъол дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани чунин иқдомҳо ҳамеша саҳми арзандаи хешро мегузоранд.