МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА ҲАМЕША ҚАДРДОНӢ МЕГАРДАД!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ қишри ниёзманди ҷомеа дасгирӣ гардида, бо кумакҳои моддию пуллӣ таъмин карда мешаванд.

Ин навбат чунин ташаббус аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун - раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар арафаи ҷашни Наврӯз ба 38 нафар кормандони пойгоҳҳои обкашии идораи беҳдошти замин дар ноҳия кумаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили орд ва равған расонида шуд.

Аз ин ташаббус оилаҳои кумакгардида хеле хушҳол шуда, изҳори минатдорӣ ба ташаббускорон ҷиҳати дастгирии навбатӣ намуданд.