АЁДАТИ МАЪЮБОН ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАРОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо пайравӣ аз амалҳои некхоҳона ва инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи модарон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун, бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони ҲХДТ дар ноҳия О.Асоев ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷайҳун С.Халилов ба аёдати маъюби модарзод дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол деҳаи Махтумқули ноҳия  рафта, ба хотири болидаруҳӣ ба ӯ туҳфаи ҷашнӣ, аз қабили  аробачаи маъюби тақдим карда  шуд.

Волидайни маъюб аз ин иқдоми ҳизбиён хушнуд гашта, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Мудири шуъбаи ҷавонони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун О.Асоев қайд кард, ки маъюбон ва ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.