КУМАК БА СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Меҳнати софдилонаву бошараф дар ҳама давру замон қадр мешавад. Шахсоне, ки бо дасту дили пок хизмати меҳанашро ба сомон мерасонад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат хусусан Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.  

Бо ин матлаб санаи 18-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи аҷам бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии давлатии Об” ба як нафар собиқадори меҳнат, истиқоматкунандаи кӯчаи “Ҷ. Расулов”-и ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, ки тамоми умри хешро сарфаи кору фаъолияти давлатӣ намудааст, аёдат карда шуда, кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.     

Мавриди зикр аст, ки ин собиқадорони меҳнат бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравию Ҷумҳурии тоҷикистон, унвонҳои фахрӣ, ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ ҳамеша фаъолона иштирок меварзид.