ШАНБЕГӢ ДОИР ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми марти соли равон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва аъзоёну фаъолони ташкитҳои ибтидоии “Раёсати молия” ва “Ҳифзи иҷтимоӣ” баҳри тозаю озода гардонидани гирду атроф ва сарсабзу хуррамгардонӣ назди биноҳои ташкилотҳо шанбегӣ баргузор гардид.

Дар рафти шанбегӣ ҳавлии биноҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва Раёсати молия рубучин гардида, дар назди онҳо гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

 

Ҳамзамон аёниятҳои нав бахшида ба “Рӯзи модар” насб карда шуд.