СОХТМОНИ ПУЛ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИСТИҚЛОЛ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонӣ имрӯзҳо аз ҷониби аъзоёну фаъолони Ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои созандагию хайру савоб амалӣ гардида истодааст.

Аз ҷумла, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии Истиқлол ва ҷалби соҳибкори Ватандӯст, ободкор ва саховатпеша Ҳоҷи Абумуслим Қосимов дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати мазкур як адад пул сохта мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Минбаъд сокинони деҳа метавонанд аз ин пул гузар намуда, баҳри рафту омад бо дигар диҳа роҳи худро хело наздик гардонанд.