АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” ДАР МТМУ №10

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврал бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, мудири бахши ҷавонони ноҳия, раиси ҷамоат ва намояндагони шуъбаи маориф дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату вохӯрии судманд зери унвони “Мактаби ман” бо хатмкардагони ин муассиса ва сокинон баргузор гардид.

Дар рафти ин вохӯрӣ масъулин доир ба мавзӯъҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии оворагардӣ ҳамзамон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии муассисаи таълимӣ баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд.