АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН” ДАР МТМУ №32

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврал бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарияти муассиса ва хатмкардагони солҳои пешин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №32-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир суҳбату вохӯрии судманд зери унвони “Мактаби ман” баргузор гардид.

Дар рафти ин амалиёт масъулин доир ба мавзӯъҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии оворагардӣ ҳамзамон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии муассисаи таълимӣ баромад намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд