РАФТИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 феврали соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия тибқи Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, доир ба мавзуъҳои “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Огоҳонидан ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ” ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ андешаҳои хешро баён намуданд.