АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №1

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврали соли равон бо мақсади амали намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” дар муассисаи таълимии №1-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихшинос гузаронида шуд.

Зимни баргузории "Соати сиёсӣ" маърузачиён вобаста ба мавзӯҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ақидаҳои хешро баён намуданд.

Метавон гуфт, ки дар муассисаи таълимии номбурда амалиёти “Соати сиёсӣ” дар сатҳи баланди таълимиву тарбиявӣ бо мисолу далелҳои воқеӣ аз ҷониби омӯзгорон ва сарвари муассиса баргузор гардид, ки хонандагон ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ дарёфт намуданд.