ЭҲТИЁҶМАНДОН ТАҲТИ ҒАМХОРИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдату дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва раисони ҷамоатҳои ноҳия ба як нафар модари эҳтиёҷманди деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни “Рӯзи модар” кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.