АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” АМАЛӢ ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврал мувофиқи нақшаи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” дар муассисаи таълимии №6-и Ҷамоати деҳоти Панҷ бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид.

Зимни баргузории ин ташаббус баромадкунандагон вобаста ба “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, “Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” суханронӣ намуданд.