КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида, фаъолону сокинони ноҳия саҳми хешро гузошта истодаанд.

Ин навбат чунин амали созанда дар кӯчаи “Муҳаммад Иқбол”-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо ҷалби соҳибкорону саховатмандони ноҳия амлӣ гардида, роҳи марказии кӯчаи болозикр сангфарш карда шуд.

Метавон зикр намуд, ки Аксияи мазкур зери унвони «Якҷоя  месозем!» баргузор гардида, баҳри амалӣ намудани ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардида ва бо ин восита саҳм гузоштан дар оббодии диёр амалӣ гашта истодааст.