ДАР РОҲИ СОЛИМГАРДОНИИ ТАБИАТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади солимгардонию кабудизоркунии муҳити зист ва ба ин васила тоза намудани фазои экологии табиат имрӯзҳо аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо истифода аз ҳавои мусоид ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар оббодию сарсабзгардонии ноҳия  саҳми хешро гузошта истодаанд.

Чунин ташаббус аз ҷониби аъзоён ва фаъолон ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” амалӣ гардида, дар ҳудуди деҳаи “Телман”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол беш аз 180 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуд.