АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД” ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷайҳун ва аъзоёну фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва сарсабзу хурам гардонидани ҳар як гушаи диёр корҳои оббодонӣ ва шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз бо маром амалӣ гаштаистодааст.

Чунин ташаббус аз ҷониби раис ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Қумсангир” амалӣ гардида, баҳри зебо гардонидани деҳаю маҳаллаҳо дар Ҷамоати мазкур дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.

Мақсад аз баргузории аксияи мазкур ин ободу зебо гардонидани кишвари азизамон Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ободии диёр дар доираи истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гулгулшукуфии Ватани азизамон мебошад.