ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ВА НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 8-уми феврали соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Дар намоиши мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва сокинони ноҳия иштирок намуда, аз маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст ва навовари ноҳия дидан намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани бекорон бо ҷои кори доимӣ, аз ҷумла, ба корҳои сохтмонии НБО Роғун дар назди бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар ин ярмарка намояндагони тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, вакансияҳо ва ҷойҳои кори холиро пешниҳод намуданд. Дар ин радиф пешниҳоди маълумот оид фаъолият, ҳаҷми музди меҳнат аз тарафи ташкилотҳо пешниҳоди тамошои иштирокдорон гардонида шуд.

Мақсад аз баргузории ин ярмарка  амалишавиии яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини шуғлнокии ҷавонон, ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин намудани ҷавонони корҷӯ мебошад ва ин боис гардид, ки якчанд ҷавонон ва сокинони ноҳия соҳиби кор гардид.