АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми феврали соли равон бо мақсади иҷрои Барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02. 02. 2023 таҳти №1/2-6 ҷиҳати баргузор намудани шанбегӣ ва корҳои тозагию ободонӣ дар ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва кули омӯзгорону хонандагони ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ободии диёр мароми мост!” дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ баргузор гардид.

Дар Аксияи мазкур беш аз 650 нафар аъзоёни фаъол ва хонандагони муассисаи таълимии номбурда фаъолона иштирок намуда, атрофи роҳи марказии ноҳия, атрофи ташкилоту муассисаҳои дохили ҷамоати шаҳрак ва кучаю маҳалаҳои  он аз ҳаргуна партовҳо ва ифлосиҳо тозаю озода гардонида шуд.

Мавриди зикр аст, чунин аксияҳо ва корҳои тозагию ободонӣ бо саҳми ташкилотҳои ибтидои ва аъзоёну фаъолони ноҳия идома дошта, баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мунтазам баргузор карда мешаванд.