МЕҲНАТКАШОНИ НОҲИЯ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷуйбору каналҳо ва заҳкашҳо ҳамзамон ба ин васила беҳтар намудани ҳолати мелиаративии заминҳои корам имрӯзҳо бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолон дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун, тоза намудани ҷуйборҳо ва корҳои саҳроӣ оғоз гардидаистодааст.

Ин навбат чунин ташаббус бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ободон"-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол  дар деҳаву хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоат ба роҳ монда шуда, ҷуйбори деҳаи мазкур тариқи ҳашари дастаҷамъона канда шуда, баҳри таъмини сокинон бо оби мавсими баҳорӣ омода карда шуд.

Ҳамзамон дар дигар деҳаҳои Ҷамоати мазкур чунин омодагиҳо ба мавсими кишти баҳорӣ бо маром идома дошта, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинони маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ба ҳашар баромада, ҷуйборҳои дохили хоҷагӣ ва байни деҳаро тоза намудаистодаанд.