АМАЛИЁТИ «МАКТАБИ МАН» ОМИЛИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ МАОРИФ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Амалиёти муштаки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини шароити хуби таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия Амалиёти муштарак зери унвони  “Мактаби ман” баргузор гардид.

Дар амалиёти мазкур маъмурияти муассисаи таълимӣ, чанде аз хатмкардагони муасисаи таълимии номбурда ва аҳли калонсоли Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуда, вобаста ба ҳали мушкилиҳои ҷойдошта ва дасгирии муасисаи таълимӣ барои таъмини шароити хуби таълимӣ ба хонандагон гуфту шунид баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ чанде аз иштирокдорон ақидаҳои хешро бобати пешбурди корҳои оббодонӣ дар муассисаи таълимӣ расонидани кумакҳо баҳри таъмини шароити бозҳам беҳтари таълимӣ ба хонандагон ақидаҳои хешро иброз доштанд.

Аз ин бармеояд, ки Амалиёти муштараки - “Мактаби ман”- ҳадафи созандаю бунёдкорона буда, дар тарақиёту пешрафти соҳаи маорифи кишвар метавонад саҳми беназири хешро гузорад.