“СОАТИ СИЁСӢ” ТИБҚИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ДАР МТМУ №18

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-уми январи соли равон бо мақсади амали намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон зери унвони “Соати сиёсӣ” дар муассисаи таълимии №18-и Ҷамоати деҳоти Яккадин бо иштироки омӯзгорони соҳибтаҷриба ва таърихшинос гузаронида шуд.

Зимни баргузории "Соати сиёсӣ" маърузачиён вобаста ба мавзӯҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ақидаҳои хешро баён намуданд.