СОАТИ СИЁСӢ” ВОСИЛАИ ИНКИШОФДИҲАНДАИ ЗИРАКИИ СИЁСИИ НАВРАСОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади амалӣ намудани Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон  бо иштироки шахсони мутасаддӣ ва омӯзгорони фаъол дар МТМУ №19-и Ҷамоати деҳоти Яккадин “Соати Сиёсӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Метавон гуфт, ки ташаббуси навбатӣ саривақти ба ҳисоб рафта, дар  тарбияи насли ҷавону ояндасоз нақши муҳим ва таъсиррасон дорад. Зеро маҳз насли ҷавони соҳибистеъдод бо донишу малака ва қобилияти созандагии худ метавонад рушди босуръати ҷомеаро таъмин намояд.

Дар ин соати сиёсӣ масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз, аз ҷумла “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон ба худ ғизоӣ маънавӣ дарёфт намуданд.