ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Ҷайҳун Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” бо иштироки омӯзгорони рӯзгордида ва соҳибтаҷрибаи муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар ин "Соати сиёсӣ" маърузачиён вобаста ба мавзӯҳои “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ақидаҳои хешро баён намуданд.