“ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА” – ҲАДАФУ МАРОМИ ҲХДТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои банди 27-и Нақшаи кории КИН ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ноҳия роҳҳои деҳаю кӯчаҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона мумфарш, сангфарш ва таъмир гардида истодаанд.

Чунин ташаббус ва амали дастаҷамъона бо ташаббуси аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ”, аз ҷумла бо саҳми оилаи саховатмандони Зайдуллоевҳо ва фаъолони деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Истиқлол амалӣ гардида, беш аз 5 километр роҳи деҳаи болозикр тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш гардид ва  мавриди истифодаи сокинони деҳа қарор дода шуд.

Метавон зикр кард, ки чунин амали неку созанда дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя  месозем!» амалӣ гашта, бахшида ба эълон  гардидани  “Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ” роҳандозӣ гардидаистодааст.