АМАЛИЁТИ «МАКТАБИ МАН» ДАР МТМУ №10 БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28-уми январи соли равон бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо ва таъмини шароити хуби таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати деҳоти Қумсангир Амалиёти муштараки “Мактаби ман” баргузор гардид.

Дар ин амалиёт маъмурияти муассисаи таълимӣ, чанде аз хатмкардагони муасисаи таълимии номбурда ва аҳли калонсоли деҳаи Ҷавонон ширкат варзида, вобаста ба ҳали мушкилиҳои ҷойдошта ва дасгирии муасисаи таълимӣ барои таъмини шароити хуби таълимӣ ба хонандагон гуфту шунид баргузор намуданд.

 Метавон қайд намуд, ки Амалиёти муштараки - “Мактаби ман”- ҳадафи созандаву бунёдкорона буда, дар тарақиёту пешрафти соҳаи маорифи кишвар метавонад саҳми беназири хешро гузорад.