САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ОББОДИИ ДИЁР НАЗАРРАСАСТ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баҳри саҳм гузоштан дар оббодии деҳаю маҳал имрӯзҳо бо ташаббуси фаъолону аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳамаи роҳҳои деҳаю маҳаллаҳо сангфарш ва таъмир гардида истодааст.

Ин навбат ба ҳавои сарди зимистон нигоҳ накарда, чунин иқдоми нек ва созанда бо ташаббуси фаъолону аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол амалӣ гардида, беш аз 1 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ дошта тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш гардида, мавриди истифодаи сокинони деҳа қарор дода шуд.

Хотирнишон бояд сохт, ки чунин амали неку созанда дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» идома дошта, ҳамзамон бахшида ба эълон  гардидани  “Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ” роҳандозӣ гардидаистодааст.