ҲХДТ- ДАСТЁРИ АШХОСИ НИЁЗМАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дастгирии шахсиятҳои барҷомонда ва бекасу танҳо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони бахши хизматрасонӣ дар хона ба аёдати як тан модари камбизоат ва бекасу танҳо истиқоматкунандаи деҳаи 1-уми майи ҷамоати деҳоти Панҷ рафта, бахшида ба “Рӯзи Модар” ба ӯ туҳфаи идонаро тақдим намуданд.

Зимни аёдати ин оила масъулин иброз доштанд, ки ашхоси бекасу танҳо ва барҷомондагон зери ғамхории давлату хукумат, хусусан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша дастгирӣ хоҳанд гашт. Аз ин иқдоми нек ва хайру савоб ин модари бекасу танҳо бисёр хушҳол гашта, ба давлату ҳукумат ва роҳбарияти Олии кишвар минатдории хешро баён намуд.