ДАСТГИРИИ АШХОСИ НИЁЗМАНД БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мувофиқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кормандони бахши хизматрасонӣ дар хона бахшида ба “Рӯзи Модар” ба як тан аз ашхоси камбизоат ва бекасу танҳо истиқоматкунандаи деҳаи 1-уми майи ҷамоати деҳоти Панҷ туҳфаи идона дода шуд.

Зимни аёдати ин оилаи бекасу танҳо масъулин иброз доштанд, ки ашхоси бекасу танҳо ва барҷомондагон зери назорати давлату хукумат, хусусан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша дастгирӣ хоҳанд гашт. Аз ин хотир шумо худро ҳеҷгоҳ танҳо ҳис накарда, бо шарофати сулҳу субот ва соҳибистиқлолии кишвар таҳти ғамхории давлату роҳбарияти Олии мамлакат қарор доред.