ИҚДОМИ НЕК ВА ХАЙРХОҲОНА АЗ ҶОНИБИ ТИ “АНДОЗ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30-юми декабри соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии "Андоз" дар ноҳият баҳри тақвият бахшидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи “Соли нави мелодӣ” бо иштироки Сайфуллоев Раҳмиддин мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва намояндагони Раёсати Андози ноҳия ба як оилаи камбизоат ва барҷомондаи деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ кӯмаки яквақтаинаи моддӣ аз қабили орд, равған, шакар ва тӯҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ташкилоти ибтидоии номбурда дар тамоми иду ҷашнҳои миллӣ ба ин оила пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, кумакҳои хешро мерасонад.