ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади дасгирии маъюбону барҷомондагон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарпараст ва модари маъюби дараҷаи 1-ум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас гардонида шуд.

Масъулини ҳизбӣ дар баробари дастрас намудани нафақаи ҳизбӣ Сафаров Тошмаҳмад ва аҳли оилаашро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, ба ин шахси маъюб шифои комил таманно намуданд.