ИДОМАИ КУМАКҲО ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади идома бахшидани амалҳои нек ва хайрхоҳона имрӯз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон боз ба 3 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд ва маъюби деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.

Аз иқдоми пешгирифта кӯдакон ва оилаи онҳо бисёр хушҳол гардида, бо умеди фардои дурахшон, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташкилкунандагони иқдоми мазкур баён менамуданд.