АЁДАТИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи №36- Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 9. 12. 2022 ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар машғуланд, имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии “Панҷ” ба дидбонгоҳи №3-и сарҳадии ноҳияи Ҷайҳун кумаки яквақтаи моддӣ аз қабили сабзӣ, пиёз, равған, картошка, биринҷ, гушт, мевагиҳо ва обҳои нӯшокии ташнашикан расонида шуд.

Дар рафти аёдат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод бо афсарону сарбозони дидбонгоҳи мазкур изҳори андеша намуда, ба ҳаряки онҳо ҷиҳати ҳимояи марзубуми кишвар сиҳатию саломатиро таманно намуд.

Сипас дар майдони ин дидбонгоҳ баҳри болидарӯҳӣ ва баланд бардоштани ҳисси вантандӯстии сарбозон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия суруду оҳангҳои дилангезу фараҳбахш сароида шуд.

Аз ин ташаббус иштирокдорон хеле хушҳол гардида, изҳори минатдорӣ ба ташаббускорон ҷиҳати дастгирии навбатӣ намуданд.