САНГФАРШКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ бо саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомони”-и Ҷамоати деҳоти Панҷ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

Ин ташаббусҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бо ин васила таъмини зиндагии шоистаи сокинон роҳандозӣ гардида бо ҷалби аъзоёни фаъол ва сокинони деҳаи номбурда дар сатҳи баланд ва тариқи ҳашар гузаронида шуд.