АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА ИФТИХОРИ 28-УМИН СОЛГАРДИ ҲХДТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва маҳфили волонтиёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, бахшида ба  28-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо иштироки волонтиёрон Аксияи ҳизбӣ тақсимоти парчамҳои дастӣ дар доира “Ҳафтаи ҳизбӣ”  дар ташкилоту корхонаҳо ва роҳравҳои маркази  ноҳия гузаронида шуд.

Волонтиёрон ба коргарони ташкилоту корхонаҳо ва  сокинони ноҳия Парчами ҳизбӣ ва навиштаҷоти  тақсим намуданд. Мақсад аз баргузор намудани  чунин Аксия, ба ифтихори 28-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  баргузор карда шуд.