АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 2-юми декабри соли ҷорӣ бо мақсади истиқболи сазовори 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ  аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Рӯдакӣ” ва “Якуми май”-и ҷамоати деҳоти Панҷ  аксияи тозагию тамизкорӣ баргузор гардида, зимни баргузории он атрофи шоҳроҳи байналмилалӣ ва гирду атрофи манзилҳои истиқоматии сокинон тозаю озода карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки аксияи мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун зери унвони “Ҳафтаи ҳизбӣ” баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории чунин аксияҳо, ин пеш аз ҳама татбиқи яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ оиди таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.