АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинони маҳал, дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем”  беш аз 800 метр кӯчаҳои деҳаи Сомонӣ-и Ҷамоати деҳоти Панҷ, аз ҳисоби аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” чароғон карда шуданд. 

Тибқи маълумоти  раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии Сомонӣ, имрӯзҳо дар шафати кӯчаву тангкӯчаҳо 32 адад чароғҳои муосир насб гардида, равшаннамоии дигар кӯчаҳои деҳа идома дорад.